27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Соли гузашта дар Хоруғ 11 корхонаву коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шудааст

160
БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Соли гузашта дар Хоруғ 11 корхонаву коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шудаастСоли 2022 дар шаҳри Хоруғ 11 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шудааст. Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳолати имрӯз ба 35 адад мерасад. Дар ин хусус 24 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода маълумот дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Корхонаи истеҳсолии симтӯри ҶДММ «Симин сохтмон», корхонаи коркарди дорувории ҶДММ «Маркази хизматрасонии тибби Панасея», коргоҳи истеҳсоли мебели ҶДММ «Осия», корхонаи коркарди қуму шағали ҶДММ «Фарид-Хоруғ», коргоҳҳои истеҳсоли мебели ҶДММ «Дерзуд», ҶДММ «Ҷафсӣ», ҶДММ «Одина», ҶДММ «Дастони тиллоӣ», корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҶДММ «Ниссои Помир», коргоҳи «Дунёи ҳунар» ва ҶДММ «Сифатнок» аз ҷумлаи коргоҳу корхонаҳои нав мебошанд.

Имсол дар шаҳр 12 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода мешавад.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат моҳи августи соли 2022 дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022» баргузор гардид, ки дар он 15 нафар сармоягузорони хориҷӣ иштирок намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво