7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Бӯстон сохтмони се корхонаи истеҳсолӣ ҷараён дорад

213
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд айни замон сохтмон ва муҷаҳҳазсозии се корхонаи нав — ҶДММ “Нуртез”, корхонаи истеҳсол ва коркарди фулузоти ҶДММ “Ганҷофар” ва корхонаи заргарии “Зари Суғд” ҷараён дорад, хабар дод ба АМИТ «Ховар» корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ.

Тавре маълум аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди бештари иқтисодиёт, зиёд намудани корхонаҳои саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ солҳои 2022-2026-ро панҷсолаи рушди саноат эълон намуданд. Ин тадбири муҳим саривақтӣ буда, ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.

ҶДММ «Нуртез» бо назардошти талаботи бозор ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда сохта шуда, дар он 60 намуди мехҳои гуногун барои сохтмон истеҳсол карда мешаванд. Корхонаи мазкур метавонад дар як моҳ 40 тонна мехҳои гуногунҳаҷм истеҳсол намояд.

Дар ҶДММ «Ганҷофар» истеҳсоли профилҳо барои сохтмон ва қубурҳои калонҳаҷм ба роҳ монда шуда, баъди ба истифода додани корхона 25 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Дар корхонаи заргарии «Зари Суғд» васлу насби таҷҳизот идома дошта, барои воридсозии дастгоҳҳои муосир бо ширкатҳои истеҳсолии Олмону Чин ва Туркия шартномаҳо баста шудаанд. Маҳсулоти корхона барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба истифода дода шуда, марҳила ба марҳила дар он то 50 нафар бо кор таъмин мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво