27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд

145
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи 22-юми зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни ҷаласаҳои се кумитаи умумӣ қариб 250 вакил аз 50 давлати дунё масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, илмӣ технологӣ, гуманитарӣ ва муҳити зист, инчунин демократия, ҳуқуқи инсон ва якчанд масъалаҳои дигари мубрами сатҳи ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд гуфт, ки ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия имрӯз бо суханронии масъулини Ассамблеяи парлумонии созмони мазкур ба итмом мерасад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво