25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вакили Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд

191
Вакили Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намудИмрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Мирзозода дар кори ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АБ СААД) оид ба масоили сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, ки дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, ширкат варзида, оид ба мавзӯъҳои баррасишуда ибрози андеша намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур масъалаҳо «Дар бораи самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Беларус дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соли 2023», «Дар бораи натиҷаҳои кори ҷаласаи 22-юми зимистонаи Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (феврали соли 2023, Вена)», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои парлумонҳои кишварҳои узви СААД, ки аз ҷониби Ассамблеяи парлумонии СААД ворид шудаанд» ва «Дар бораи рӯз ва ҷои гузаронидани маҷлиси навбатии комиссия ва рӯзномаи муваққатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии АБ СААД ҳамчунин таъкид намуданд, ки ҳамкории байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаклҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ карда мешавад.

Таъкид карда шуд, ки маҳз фаъолияти дастҷамъона ва мубодилаи таҷриба дар ин самт воситаи ягонаи таъмини амнияту оромӣ дар минтақа хоҳад буд.

Дар кори ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии АБ СААД дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт — Петербург Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.

Акс: МН МО ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво