27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндагони Академияи идоракунии давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз бо сокинон мулоқот оростанд

122
Намояндагони Академияи идоракунии давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз бо сокинон мулоқот оростандАз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти ватандӯстии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси худогоҳию худшиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, пешгирии зуҳуротҳои номатлуби терроризм, экстремизм ва радикализм гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки бо сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. Аз ҷумла, гурӯҳи мазкур айни замон бо кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрӣ мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.

16 феврал гурӯҳи кории таблиғотии мазкур бо фаъолони ноҳияи Дарвоз вохӯрӣ намуд. Иброз гардид, ки мақсад аз ин суҳбату мулоқотҳо бори дигар расонидани таъкидҳо, дастуру ҳидоятҳо ва дар амал татбиқ намудани роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолӣ ҷиҳати пешрафти ҷумҳурӣ мебошад.

Иброз гардид, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани ҳисси худогоҳию худшиносии тамоми сокинони мамлакат махсус таъкид карда шуд, ки: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад».

«Моро зарур аст, ки дар партави ин таъкидҳои Пешвои миллат ватандӯсту худшинос бошем ва барои рушди минбаъдаи давлатамон эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллиро дар худ тақвият бахшем»,-таъкид намуданд аъзои гурӯҳи корӣ.

Аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз се ҷилд китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» тақдим карда шуд. Китоби мазкур хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хонанда ва наслҳои оянда мерасонад ва дар замири онҳо тафаккури давлатдорию давласозиро ташаккул медиҳад.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво