29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сокинони ноҳияи Дарвоз туҳфаи Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон»-ро дастрас намуданд

253
Тавре қаблан иттилоъ додем, аз оғози моҳи декабр тақсими китоби «Тоҷикон» аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. Дар ҳамин замина, аз ҷониби гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурали Собирзода ба ҳар хонаводаи ноҳияи Дарвоз низ китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Нуралӣ Собирзода ба манзилҳои истиқоматии як зумра собиқадорони меҳнат ва сокинони ноҳия, аз ҷумла собиқадори соҳаи тандурустӣ Исроил Қаноатов, собиқадори меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ Ҳайдаршо Акбаров, собиқадори меҳнат, профессор Амиршо Маҳрамов ва сокини ҷамоати деҳоти Қалъаихумб Сурайё Шоева рафта, онҳоро аёдат намуда, ин туҳфаи Пешвои миллатро тақдим кард.

Зимни тақдими туҳфаи Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» намояндагон аз Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ширкат намуданд.

Ҳамчунин гурӯҳи корӣ бо мардуми ноҳия вобаста ба истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ, сарфаи неруи барқ, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи илму ҳунаромӯзӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, фарҳангпарварӣ, ободкориву созандагӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбату вохӯриҳо анҷом дод.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво