27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«МУШКИЛОТИ ГЕОЛОГӢ ВА САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ». Таҳти ин мавзӯъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид

85
«МУШКИЛОТИ ГЕОЛОГӢ ВА САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ». Таҳти ин мавзӯъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардидДар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат ва бахшида ба Солҳои рушди саноат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти геологӣ ва азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Таъкид гардид, ки конференсияи мазкур аз ҷумлаи чорабиниҳои илмиест, ки табодули андеша ва ақоиди пешқадами олимону муҳаққиқони соҳавиро дар самти татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат муттаҳид сохта, дар амалисозии ин иқдоми муҳим заминаи устувор мегузорад.

Дар идома тазаккур дода шуд, ки таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки устувории иқтисоди миллӣ аз рушди саноат вобастагии зиёд дошта, истифода аз ашёи хоми ватанӣ метавонад ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, устувории низоми иқтисодӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ мусоидат намояд.

Тавре таъкид шуд, дар шароити муосир таъмини устуворӣ ва беҳбуди бахшҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла, саноат ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат аҳамияти хосса дорад. Дар марҳилаи саноатикунонии босуръат кормандони соҳаи илм ва маорифро зарур аст, ки дар амалӣ гаштани ҳадафи чоруми миллии кишвар саҳмгузор бошанд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво