26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» дидан кард

732
7 феврал ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Мансур Мухтор дар ҳамроҳӣ бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорат рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» дидан кард
Бояд гуфт, ки қаблан аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби маблағҳои Бонки исломии рушд ба сохтмони НБО «Роғун» дархост равон гардида буд, ки аз ҷониби бонки мазкур дастгирӣ ёфт.

Дар натиҷа Бонки исломии рушд омодагии худро барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 250 миллион доллар иброз намуд.

Ёдовар мешавем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории мутақобилан судманд бо Бонки исломии рушд сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво