27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон корҳои экспедитсионӣ доир ба пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо роҳандозӣ мегарданд

164
Аз рӯи натиҷаи тадқиқоти инструменталӣ, ки аз ҷониби мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ давоми 66 соли охир гузаронида мешаванд, таназзули босуръати пиряхҳо ба назар мерасад ва дар ин замина бояд корҳои экспедитсионии минтақавию байналмилалӣ бо мақсади омӯзиши амиқи ҳолат ва тағйирёбии минбаъдаи онҳо дар доираи «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» роҳандозӣ гарданд. Ин матлаб 22 декабр зимни баргузории ҳамоиши илмӣ – амалӣ бахшида ба қабул гардидани қатъномаи иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ оид ба эълон намудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «21 март — Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» ва «Таъсиси Фонди боварии байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар бинои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуд.
Дар Тоҷикистон корҳои экспедитсионӣ доир ба пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо роҳандозӣ мегарданд
Зикр шуд, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур-ин натиҷагирии фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, баррасии ҳолати кунунӣ ва арзёбии дурнамои вазъи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон мебошад.

Дар Тоҷикистон корҳои экспедитсионӣ доир ба пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо роҳандозӣ мегарданд
Иштирокчиёни ҳамоиш бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти минбаъда дар доираи истиқболи Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряҳҳо инчунин ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиширо дар ҳавзаи дарёҳои асосии ҷумҳурӣ таъкид намуданд.

Мақсади баргузории экспедитсияҳои омӯзишӣ — ин баҳогузории ҳолати пиряхҳо бо иштироки олимону коршиносони сатҳи минтақавию байналмилалӣ ва фаъол намудани кори гурӯҳҳои байниидоравӣ мебошад.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво