Масъалаи таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
203
Масъалаи таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон дар вохӯрии маҷозии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истиннод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ доир ба механизми таъсиси фондҳои байналмилалӣ гуфт, ки бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ ҳашт қатънома қабул кард ва кишвари мо борҳо дар сатҳи баланд ҳамоишҳои байналмилалӣ доир намуда, масъалаҳои муҳимро баррасӣ кардааст. Зикр шуд, ки роҳи муассиртарин барои таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон ва эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ворид кардани ин ташаббусҳо ба қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ мебошад. Дар ҷараёни вохӯрӣ мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба пешбурди масъалаҳои таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Инчунин раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат Баҳодур Шерализода иброз намуд, ки Кумита ният дорад талошҳоро барои ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалҳои фаъолтар ва андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати мубориза бо тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он идома диҳад. АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |