27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«28 СОЛИ ТАЛОШҲО БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ОБОДИИ ВАТАН». Дар Душанбе бахшида ба таъсиси ҲХДТ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир шуд

101
«28 СОЛИ ТАЛОШҲО БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ОБОДИИ ВАТАН». Дар Душанбе бахшида ба таъсиси ҲХДТ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир шуд7 декабр бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси ҳизб дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон таҳти унвони «28 соли талошҳо барои пешрафт ва ободии Ватан» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ хабар доданд.

Дар ҳамоиш роҳбари маркази матбуот ва таҳлили Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, кормандони сохторҳои ҳизбии шаҳр ва ноҳияҳои он, инчунин сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ иштирок намуданд.

Иброҳим Мирзозода зикр кард, ки 10 декабр аз таъсиси ҲХДТ 28 сол сипарӣ мегардад. «Маҳаки асосии фаъолияти ҲХДТ-ро хизмат ба халқ ва ормонҳои миллӣ ташкил дода, тӯли 28 соли фаъолияти пурсамар ҳизб зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаро ба марҳилаҳои неку арзанда расонид», — тазаккур дод ӯ.


Дар идома гуфта шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ дар кишвар давраи печидае ба амал омада, ҷанги таҳмилӣ оғоз ёфт. Замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаҳои кишвар шиддат меёфт ва мардум мунтазири паёми сулҳу субот ва шукуфоӣ буданд, зарурати таърихӣ барои таъсис додани ҳизби сиёсие ба вуҷуд омад, ки бояд фарогири дидгоҳҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа бошад. Аз ин лиҳоз, зарур буд, ки мардум дар меҳвари мафкураи сиёсии созанда сарҷамъ биёянд ва ба мухолифату даргириҳои фоҷиабор, ки оқибатҳои ногувор ба бор оварда буданд, анҷом бахшанд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки ҳарчанд ин марҳилаи кӯтоҳ барои рушду такомули ҳамаҷониба ва густурдаи як ҳизби сиёсӣ чандон давраи тӯлонӣ маҳсуб намешавад, вале ба ин нигоҳ накарда, ҲХДТ бо роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масири пурифтихореро паси сар кард, ки арзиши даҳсолаҳоро дорад ва дастовардҳои сиёсии он дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон бо хатҳои заррин сабт хоҳанд шуд.

АКС: Маркази матбуот ва таҳлили Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво