26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Иштироки фаъолона дар дарсҳои тайёрии ҳарбӣ барои омода шудан ба хизмат мусоидат менамояд»,- маслиҳати сарбозон ба ҷавонони Шаҳритус

107
«Иштироки фаъолона дар дарсҳои тайёрии ҳарбӣ барои омода шудан ба хизмат мусоидат менамояд»,- маслиҳати сарбозон ба ҷавонони ШаҳритусЗиёда аз 100 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон 5 декабр ба қисми ҳарбии дар ноҳияи мазкур воқеъбуда рафта, бо шароити будубош ва хизмати ҳарбии афсарону сарбозон аз наздик шинос шуданд. Хонандагон бо низомиён ҳамсуҳбат шуда, аз онҳо чи тавр барои хизмати ҳарбӣ омода шуданро пурсон шуданд. Сарбозон маслиҳат доданд, ки иштироки фаъолона дар дарсҳои тайёрии ҳарбӣ ва пайваста обу тоб додани бадан, яъне ба варзиш машғул будан мушкили хизмати ҳарбиро осон мегардонанд, Ин иқдом бо мақсади тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон роҳандозӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Хонандагонро дар ин сафар мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода, раиси ҲХДТ дар ин ноҳия Абдулҳафиз Қурбонов, сардори Комиссариати ҳарбии ноҳия Ҷамшед Талбакзода ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳангоми боздид аз қисми ҳарбӣ ба хонандагон ҷойи хоб, ошхона, толори хониш, ҷойи машқу тамрини сарбозон, ба қисмҳо ҷудо кардани яроқи ҷангӣ ва истифодаи дурусти он нишон дода шуд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шаҳноза Маҳмадсаидзода ба хонандагон иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонписарон мактаби ҳаёт аст.

«Зеро онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки мафҳуми Ватан-Модар, давлату миллатро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд»,- таъкид кард ӯ.


Сардори Комиссариати ҳарбии ноҳияи мазкур Ҷамшед Талбакзода гуфт, ки адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Ҳар як ҷавонмард уҳдадор аст, ки ин мактаби ҷасорату матонатро гузарад.

Раиси ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абдулҳафиз Қурбонов илова намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мебарад.

«Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа ба сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён — аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобаста мебошад»,- тазаккур дод ӯ.

Хонандагон иброз доштанд, ки пас аз хатми мактаб ба сафи Артиши миллӣ пайваста, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо месозанд.

«Тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозем»,- изҳор доштанд онҳо.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво