Афсарону сарбозон рисолати фарзандии худро бо сарбаландӣ адо мекунанд
1238
Афсарону сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан–модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз сафарбар месозанд. Ҷавонони муассисаи таълимиро мебояд аз ин далерию шуҷоат дарси ибрат гиранд, чунки суботу оромии кишвар ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ аз ҷавонони чолоку ҳушёр вобастагии зиёд дорад»,-гуфт директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҳусейнзода Шавкат зимни баргузории чорабинӣ бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон.
Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки бо иштироки 12 афсару сарбози Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷараён гирифт, хонандагони ин муассисаи таълимӣ барномаи фарҳангӣ, ки иборат аз суруд дар васфи Ватан, Модар ва саҳначаҳои ҷолиб аз ҳаёти афсарон буд, бо маҳорати баланд пешкаш карданд. Меҳмонон, ки намояндагони вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷанговарони башардӯст, Комиссариати ҳарбӣ ва ҲХДТ буданд, аз ҷасорату мардонагии садҳо нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар тайи 23 сол ёдовар шуданд. Дар ниҳоят чорабинии варзишӣ низ баргузор гардид, ки афсарону сарбозон ба мактаббачагон тартиби истифодаи яроқро нишон доданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |