25 май 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ветнам иштирок мекунад

89
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ветнам иштирок мекунадДастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 дар Мусобиқаи байналмилалии «International Thanh Nien Cup», ки аз 6 то 12 январ дар Ветнам баргузор мешавад, ширкат менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Рақибони дастаи мо тимҳои мунтахаби ҷавонони Ветнам, Тайланд ва Малайзия хоҳанд буд.

Бояд гуфт, ки қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1 то 18 март дар Узбекистон баргузор мешавад. Дар чемпионати Осиё дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад.

Пас аз анҷоми Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Узбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Акс: ФФТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво