26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ҷараён доранд

420
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ҷараён доранд23 ноябр дар шаҳри Ашқобод дар толори Кохи мукамҳои Маркази фарҳангии давлатии Туркманистон маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ва шаҳомати хос баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд.

Рӯзҳои фарҳангро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов бо суханҳои шодбошӣ ифтитоҳ карданд.

Сипас консерти бошукӯҳи устодони санъати Тоҷикистон оғоз шуд, ки дар он лауреатҳои озмунҳои байналмилалӣ, ҳунармандони мардумӣ ва хизматнишондода, сарояндаҳои маъруфи эстрадӣ, инчунин навозандагон ширкат доштанд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ҷараён доранд


Дар барномаи консертӣ ҳамчунин санъати рангоранги дастаҳои рақсии маъруфи Тоҷикистон «Лола», «Парасту» ва намоиши гурӯҳи балет, ки ба аҳли ҷомеа композитсияҳои хореографии оташангези худро пешкаш намуд, дохил буданд.

Ҷолиби диққати шаби мусиқӣ баромади сарояндагони овозадори Тоҷикистон ва ансамбли навозандагони машҳури халқ буд, ки бо санъти волои худ табъи ҳозиронро болида сохтанд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ҷараён доранд


Намоиши мӯди “Либосҳои рангоранг” ба тамошобинон фараҳи зиёде бахшид, ки дар он намунаҳои либосҳои бо услуби миллӣ дӯхташуда аз коллексияи тарроҳи маъруфи тоҷик Хуршед Сатторов ба маъраз гузошта шуд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ҷараён доранд


Дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маркази синамои Ашқобод мулоқоти синамогарони ду кишвар ва намоиши филмҳои коргардонҳои тоҷик, филми бадеии «Туъмаи охирини шикорчӣ»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов ва филми бадеии «Рақси ҳаёт»-и Муҳаббат Сатторова баргузор шуд.

Инчунин дар Осорхонаи санъати тасвирии Ашқобод бахшида ба анъанаҳои фарҳангии Тоҷикистон намоишгоҳи бошукӯҳ ифтитоҳ шуд. Дар намоишгоҳ гавҳарҳои гаронбаҳо, асбоби мусиқии миллӣ, маснуоти чӯбӣ, гулдӯзии тоқиҳои тоҷикӣ ва маҳсулоти гуногуни дастӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар намоишгоҳ инчунин осори рассомон ва ҳунармандони тоҷик, аксҳо ва беҳтарин маҳсулоти нашриёт, ки таъриху фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд, пешкаш шудаанд.

Дар намоиш намояндагони ҳукумати Туркманистон, вазорату идораҳо, аҳли ҷомеа, роҳбарон ва намояндагони намояндагиҳои дипломатии муқими Ашқобод, воситаҳои ахбори омма, устодони санъат, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои тахассусӣ иштирок намуданд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон имрӯз, 25 ноябр дар шаҳри Мари бо баргузории консерти калони дӯстӣ дар Театри давлатии драмавии вилоятӣ ба номи Кемине хотима меёбанд. Дар он ҳунармандон ва устодони фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат меварзанд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ҷараён доранд


АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво