19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҷлили Наврӯзи фархундапай дар Туркманистон

807
Таҷлили  Наврӯзи  фархундапай дар ТуркманистонРӯзи 21-уми марти соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод, бо шукӯҳу шаҳомати хоса Иди байналмилалӣ ва бостонии Наврӯзи Аҷам бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ, шаҳрвандони кишвари иқомат, роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Ашқобод таҷлил гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни чорабинии фарҳангӣ меҳмонон дар намоишгоҳ ба дастурхони Наврӯзӣ, аз ҷумла ҳафт сину ҳафт шин, осори ҳунарҳои халқии мардуми тоҷик, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, саноати хӯрока таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд ва дастаи ҳунармандони Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.

Инчунин, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо тариқи телевизони давлатии Туркманистон оид ба таърих ва мақоми байналмиллалӣ гирифтани Иди Наврӯз, пайвастагиҳои таърихии ду миллат ва таҷлили ҷашни бостонии Наврӯзи Аҷам дар Тоҷикистон баромад намуда мардуми дӯсту бародари Туркманистонро бо Иди Наврузи байналмилалӣ табрику таҳният арз намуда бо онҳо сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно кард.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво