26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд

137
«Тезонидани татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда бо мақсади ноил шудан ба партовҳои сифр ва интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон»- таҳти чунин унвон дар Павилиони миллӣ, ки дар ҳошияи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP27) дар Шарм-уш-Шайхи Миср ташкил гардидааст, бо иштироки намояндагони Тоҷикистон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамоиш доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш буда, дар он нақши ҳамкории ҳамоҳангшуда, талошҳои муштараки минтақавӣ ва глобалӣ барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши афзоиши ҳарорати глобалӣ матраҳ гардиданд.

Инчунин дар он масъалаи тезонидани татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда бо мақсади ноил гардидан ба партовҳои сифр ва интиқоли энергияи тоза баррасӣ шуд.

Дар ҳамоиш муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода, директор оид ба масъалаҳои табиат, иқлим ва энергетика, ҳамоҳангсози иҷроияи Барномаи Рушди СММ оид ба маблағгузории муҳити зист Прадип Курукуласурия ва узви Раёсати Фонди глобалии экологӣ хонум Габриэлла Блаттер маъруза намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво