26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим таҳким меёбад

147
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим таҳким меёбадДар ҳошияи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Самеҳ Ваҳба вохӯрда, масъалаи таҳкими ҳамкориро баррасӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Баҳодур Шерализода доир ба раванди ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар самти тағйирёбии иқлим, беҳтарсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ ва устувории ландшафтҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои муҳити зист ва тағйирёбии иқлим изҳори сипос намуд.

Самеҳ Ваҳба оид ба барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии кишварҳо дар ҳоли рушд дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши таъсири манфии он ба иқтисодиёти давлатҳо дар ҳоли рушд маълумот пешниҳод намуд. Зикр шуд, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ соли 2021 Нақшаи амал оид ба тағйирёбии иқлим барои 5 сол қабул гардидааст, ки дар доираи он таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши пайомадҳои манфии он пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар стратегия ва барномаҳои миллӣ дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ муайян гардидаанд, аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист пешниҳод гардид, ки масъалаи ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ дар доираи Лоиҳаи «Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ (маблағгузории иловагӣ), ҷузъи С» баррасӣ шавад.

Инчунин масъалаи расонидани кумаки техникӣ дар самти мониторинги ҳавои атмосфера мавриди муҳокима қарор гирифт. Баҳодур Шерализода бо мақсади татбиқи саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаӣ Бонки ҷаҳониро барои дастгирии татбиқи санади мазкур даъват намуд.

Раиси Кумита Самеҳ Ваҳбаро барои боздид аз Тоҷикистон дар вақти барояш муносиб даъват кард ва ӯ онро қабул намуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво