26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ЗАНОН, СУЛҲ, АМНИЯТ ВА МАСОИЛИ МАРБУТ БА ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи сулҳи СММ иштирок намуд

206
«ЗАНОН, СУЛҲ, АМНИЯТ ВА МАСОИЛИ МАРБУТ БА ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи сулҳи СММ иштирок намуд10-11 ноябр тибқи даъвати муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода бо ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи сулҳи СММ таҳти унвони «Занон, сулҳ, амният ва масоили марбут ба таъсири тағйирёбии иқлим ва вазъи занон дар Осиёи Марказӣ» дар якҷоягӣ бо аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон, инчунин намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ширкат намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оила хабар доданд.

Дар доираи иҷлосия Раиси Кумита Ҳилолбӣ Қурбонзода бо муовини Котиби генералии СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҷаҳонии рушд Розмари Дикарло оид ба пешбурд ва рушди сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тағйирёбии иқлим, бо ҷонишини якуми Котиби генералии СММ Амина Муҳаммад оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ, бо Раиси иҷлосияи 77-уми СММ Чабу Кёрёши оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, бо ҳамоҳангсози БРСММ дар ИДМ дар СММ Ивана Живкович оид ба сиёсати гендерӣ ва ҳамкории Кумита бо БРСММ дар Тоҷикистон мулоқоти судманд доир намуд.

Инчунин ҳайати Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар мулоқот бо намояндагони Ҷумҳурии Демократии Мексика ва Ирландия, гурӯҳи ғайрирасмии коршиносони Шӯрои амният оид ба занон, сулҳ ва амният иштирок намуд.

Иштирокчиёни иҷлосия дар якҷоягӣ бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ оид ба ташаббусҳои миллӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими нақши занон дар пешгирии таҳдидҳои глобалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Хадаф аз баргузории иҷлосияи мазкур — таъмини иштироки фаъоли занон дар татбиқ ва ҳалли масъалаҳои занон, сулҳ, амният ва ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо занони ва оилаи ҲҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво