26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба истифода дода шуд

112
Дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба истифода дода шудДар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМОВ дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва расми иштирокашон дар тантанаҳои ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Асрор Атомуллоев дар масоҳати умумии 1535 м ва масоҳати зерсохмонии 465 м ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд-1» ба анҷом расонида шуда, иқтидори корхона дар як шабонарӯз истеҳсоли 1 тонна маҳсулоти рангҳои ороишӣ мебошад. Баҳри бунёд ва бо технологияи муосир таъмин намудани он зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

Баъди ба истифода додани корхонаи мазкур 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ба роҳбарияти корхона барои афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, зоҳир намудани таваҷҷуҳ ба сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолӣ, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ тавсияҳои мушаххас доданд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво