27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ПАРЛУМОН ҚОНУН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН»-РО ҚАБУЛ НАМУД. Лоиҳаи ин санад аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешбарӣ карда шуд

742
ПАРЛУМОН ҚОНУН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН»-РО ҚАБУЛ НАМУД. Лоиҳаи ин санад аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешбарӣ карда шудЧанде пеш вакилони парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро қабул карданд. Лоиҳаи қонун аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ тибқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод карда шуд. Дар ин бора нашрияи парлумонии «Садои мардум» 4 ноябр хабар дод.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Дилшод Раҳмон қабули қонуни мазкурро тақозои замон, хусусан дар шароити зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ ва бегонапарастӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, унвон кард.

Дилшод Раҳмон қонуни навро вусъати саривақтии корҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими ҳуқуқӣ арзёбӣ кард.

Ӯ таъкид намуд, ки лоиҳаи мазкур масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рушду инкишофи кишвар, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ баланд мебардорад.

«Ҳамчунин он барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни наврасону ҷавонон, имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад», — илова намуд раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи ӯ, мақсади қонун танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво