16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»-ро баррасӣ намуд

363
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст. Мақсад ва моҳияти лоиҳаи Қонуни мазкур дар тавзеҳномаи лоиҳаи номбурда дарҷ гардидааст.

Ин нукта имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, иброз гардид.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» иброз гардид, ки он асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро муқаррар намуда, ба таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои ҷабрдидагон оид ба ҷуброн намудани зараре, ки ба ҳаёт, саломатӣ ва ё молу мулки онҳо зимни истифодаи воситаҳои нақлиёт расонида шудааст, равона гардидааст.

Дар анҷом аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво