27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон созишномаҳои грантӣ ба тасвиб расиданд

223
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон созишномаҳои грантӣ ба тасвиб расидандИмрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Дар он вакилон Созишномаи грантӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб барои маблағгузории омодасозии асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Тугарак-Саричашма-Шӯрообод ва Чашмасор-Лангарро ба тасвиб расониданд. Зикр шуд, ки Созишномаи мазкур 19 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи грантии болозикр барои маблағгузории омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Тугарак-Саричашма-Шӯрообод (қитъаи Тугарак-Саричашма, дарозиаш 25км) дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Вакилони мардумӣ ҳамчунин дар иҷлосия Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагии Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вакилон созишномаҳои мазкурро ба тасвиб расонида, аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосия қарорҳои дахлдор кабул намуданд.

Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони мардумӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Дилшод Раҳмон, вакилони мардумӣ Мунаввар Абдусаломзода, Гавҳар Шарофзода, Толибхон Азимзода, Ғиёсиддин Ашурзода, Сурайё Дӯстмуродзода, Солеҳа Холмаҳмадзода, Бахтиёр Аҳмадзода, Раҳмон Зоирзода ва дигарон муаррифӣ намуданд.

Акс: МН МО ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво