25 май 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Маҷлиси намояндагон се созишнома ба тасвиб расонида шуданд

180
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар иҷлосия Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзобод ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» ва Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби вакилон ба тасвиб расонида шуданд.

Масъалаҳои мазкурро ба вакилони мардумӣ муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода, Ғиёсиддин Ашурзода, Мунаввар Абдусаломзода баррасӣ намуданд.

Акс: МН МО ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво