26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раисони кумитаҳои амният ва мудофиаи парлумонҳои кишварҳои СААД ҳамкории низомиро баррасӣ намуданд

81
Раисони кумитаҳои амният ва мудофиаи парлумонҳои кишварҳои СААД ҳамкории низомиро баррасӣ намудандИмрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви СААД дар назди Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД, таҳти раёсати Раиси ҷаласаи ҳамоҳангсоз, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод баргузор гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Иштирокчиёни ҷаласа дар оғоз гузориши муовини сардори Раёсати мушкилоти амнияти ҳарбии Котиботи СААД Олег Латиповро оид ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории низомӣ дар доираи СААД дар марҳилаи кунунӣ шуниданд.

Муовини Раиси комиссияи доимӣ оид ба мудофиа ва амнияти Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Армен Хачатрян дар бораи татбиқи афзалияти Ҷумҳурии Арманистон дар давраи раёсати СААД дар соли 2022 ва вазъи кунунии низомию сиёсӣ дар марзҳои минтақаи Қафқоз, амнияти дастҷамъии СААД дар асоси тамоюл ва дурнамои рушди он изҳори андеша намуд.

Сипас, аъзои ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ дар бораи мушкилоти амнияти дастҷамъӣ дар минтақаҳои амнияти дастҷамъии СААД табодули назар намуданд.

Дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви СААД дар назди Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар фарҷом вакилони парлумон тарҳи нақшаи кори АБ СААД барои соли 2023-ро баррасӣ карданд.

Акс: МН МО ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво