27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Имрӯз дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид

233
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Имрӯз дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардидИмрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Рӯзи даъватшаванда доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур ҷавонони соли таваллуди 1995-2004-и ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш муовинони Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода ва Дилбар Одилзода, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷавонону волидони онҳо иштирок намуданд.

Дар ин маъракаи муҳим ба волидайни ҷавононе, ки бо амри дил баҳри адои қарзи фарзандӣ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан камари ҳиммат бастаанд, миннатдорӣ баён гардид.

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Имрӯз дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид


ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Имрӯз дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид


Муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода зикр намуд, ки дар ин маъракаи муҳим эҳсос гардид, ки ҳам ҷомеа ва ҳам ҷавонон аз худ ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон доданд.

Зикр гардид, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Ҳамасола Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор барои сарбозону афсарон пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад.

Бояд зикр намуд, ки 3 сентябри соли 2022 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ба имзо расид.

Имрӯзҳо бо саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё карда шуда, дар кулли воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд.

Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонуни мазкур, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш шомил мешаванд ва дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки ҷавононе, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмати ихтиёриро интихоб намудаанд, аз имтиёзҳои Ҳукумати мамлакат бархурдор мегарданд, аз ҷумла, гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ.

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Имрӯз дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид


ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Имрӯз дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид


Ба зикри сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фаридун Маҳмадализода, тайи солҳои охир шумораи ҷавонписароне, ки ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ мераванд, афзун гардида, шаҳрвандон баъди гирифтани аввалин даъватнома ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки масъулини мақомоти вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз як мавсим то мавсими даъвати дигар мувофиқ ба талаботи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватиро барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар бар мегирад, корҳои зиёдеро амалӣ намуда, захираи даъватшавандагонро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муайян ва мушаххас намудаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки моҳи январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тарҳи нав қабул карда шуд, ки он аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, тамоми самтҳои фаъолияти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳоеро, ки ба қайд гузоштани хизмати ҳарбиро ба танзим медароранд, дар бар мегирад. Мутобиқи ин қонун, ҳамасола теъдоди муайяни шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ таҳия гардида, ба талабот ва шароити ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст. Илова бар ин, қонуни мазкур якчанд навовариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти онҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ равона шудааст.

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Имрӯз дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид


ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Имрӯз дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид


Дарвоқеъ, дар шароити имрӯзаи пуртазод вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ки ҳатто давлатҳои пурқудрат ба таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта, буҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ аксари кишварҳои сайёраро дар ҳолати ноустувор қарор додааст, ягон ҷавони ватандӯсту меҳанпарасти кишварро бетафовут гузошта наметавонад. Имрӯзҳо ҷавонони барӯманду қавииродаи кишвар хуб дарк кардаанд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи виҷдонӣ ва имонист. Пас месазад, ки ҳар ҷавони ба синни даъватӣ расида баҳри ҳифзу ҳимояи ҳар ваҷаб замину ҳар зарра хоки Ватан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шомил гардад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво