29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

АҲСАН БА ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ! ВМКБ даъвати баҳориро дар рӯзи аввал иҷро кард

154
АҲСАН БА ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ! ВМКБ даъвати баҳориро дар рӯзи аввал иҷро кардВилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳолати якуми апрел даъвати баҳориро дар рӯзи аввал 102,5 фоиз иҷро намуд. Дар ин бора раиси комиссияи ВМКБ оид ба сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Умедҷон Носирзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки имрӯз дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ— маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъракаи «Рӯзи даъватшаванда» тантанаҳои идона оғоз гардиданд.

Дар нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ аз анҷоми маъракаи мазкур гузориш доданд.

Мавриди зикр аст, ки 1 апрел дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона оғоз ёфт.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2018 инҷониб ВМКБ дар ҳамаи маъракаҳои даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар кишвар аввалин шуда, аз иҷрои нақша мужда мерасонад.

АКС: МИҲД-и ВМКБ



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво