26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«МУАЛЛИМӢ- МУҚАДДАСТАРИН ПЕШАИ РӮЙИ ОЛАМ». Дар вилояти Хатлон Рӯзи омӯзгор таҷлил гардид

140
«МУАЛЛИМӢ- МУҚАДДАСТАРИН ПЕШАИ РӮЙИ ОЛАМ». Дар вилояти Хатлон Рӯзи омӯзгор таҷлил гардидДар вилояти Хатлон 50 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, беш аз 1365 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1000 адад муассисаи томактабию марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият намуда, беш аз 50 ҳазор нафар олимон, омӯзгорон, мураббиён ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ба насли наврас илму дониш меомӯзонанд. Ин матлаб 30 сентябр зимни баргузории ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи омӯзгор дар шаҳри Бохтар баён гардид.

Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамоиш муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, директорони зерсохтори раёсати маориф, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.

Муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ иброз намуд, ки имсол Рӯзи омӯзгор дар рӯҳияи баланди инсондӯстӣ, ватандорӣ ва бо ифтихор аз амалҳои созандагӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашнҳои фархундаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ таҷлил мегардад.

Мавсуф зикр намуд, ки ҳар гоҳе номи омӯзгор, муаллим ва ё устодро ба забон меорем, пеши назари мо нафари меҳрубон, хоксор, илмдӯсту маърифатпеша, шахсе, ки аз волидонамон зиёд барои мо дилсӯз аст, намоён мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому нақши омӯзгорро дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд: «Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст».

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода вобаста ба нақши омӯзгорон дар пешрафти мамлакат ва ҷомеа, дастоварду пешравиҳои соҳа ва натиҷаҳои баланди меҳнатии кормандони соҳаи маориф изҳори назар намуда, зикр дошт, ки имсол дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмиллалӣ шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон натиҷаҳои бештару беҳтар доштанд, ки ин ҳама натиҷаи меҳнати софдилонаву самимонаи омӯзгорон мебошад.

Сипас ба як зумра омӯзгорон Ифтихорнома ва Сипосномаи Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи муштараки Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маорифи вилоят ва Ифтихорномаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон тақдим гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво