16 июл 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад

421
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси Комиссия, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода баргузор гардид. Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон шунида шуд.
Ҳамзамон ҳисоботи раисони комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин ва Панҷ шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки масъулини соҳа бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри пойдории забони давлатӣ, тоза ва беолоиш нигоҳ доштани он дар ҷомеа равона созанд. Зеро рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво