27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо Ҷоми Шоҳи Таиланд ба Душанбе баргашт

126
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо Ҷоми Шоҳи Таиланд ба Душанбе баргаштДастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол, ки барандаи Мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Таиланд гардид, субҳи имрӯз ба Душанбе баргашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва мухлисон самимона истиқбол гирифтанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup 2022» ду бозӣ анҷом дод. Шогирдони Петр Сегрт дар бозии даври нимниҳоӣ бар дастаи Тринидад ва Тобаго (2:1) ва дар бозии ниҳоӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бар дастаи мунтахаби миллии Малайзия (3:0) пирӯз шуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо Ҷоми Шоҳи Таиланд ба Душанбе баргашт


Акс: ФФТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво