26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар ноҳияи Мурғоб миқдори зарурии ғалла ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввали аҳолӣ захира шудааст

188
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар ноҳияи Мурғоб миқдори зарурии ғалла ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввали аҳолӣ захира шудаастДар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» миқдори зарурии ғалла ва маводи мавриди ниёзи аввали аҳолӣ захира шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Муовини Раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода ҳамроҳ бо Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода ҷараёни омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияро санҷида, ҷиҳати анҷом додани корҳои муҳими дигар супоришҳои иловагӣ доданд.

Зикр гардид, ки масъулини соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанги ноҳия барои давраи зимистон ангиштсанг ва ҳезум захира намудаанд. Инчунин бо кумаки роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳия бо зиёда аз 600 тонна ангиштсанг таъмин карда шудаанд.

АКС: МИҲД ноҳияи Мурғоб




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво