25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Захираи 1795 тонна ангишт, 1730 метри мукааб ҳезум ва 3450 литр сўзишвории дизелӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ. Соҳаҳои буҷавӣ ба зимистон омода мешаванд

359
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» аз ҳисоби буҷаи соли 2019 барои хариди ангиштсанг ва дигар маводи сӯхт 2 миллиону 313 ҳазору 987 сомонӣ маблағ ҷудо намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 513 ҳазору 987 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон то имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1795 тонна ангишт, 1730 метри мукааб ҳезум ва 3450 литр сӯзишвории дизелӣ харидорӣ гардидааст. Муассисаҳо бо 105 генератори барқӣ, 751 гармкунакҳои барқӣ, 2313 печҳои олавӣ таъмин гардидаанд. Муассисаҳои тандурустии ноҳия бо 32 генератори барқӣ, 168 печи олавӣ, 20 тонна ангишт, 6 метри мукааб ҳезум ва 100 литр сӯзишвории дизелӣ таъмин гардидаанд.

Захираи маводи зидди лағжиш ва омода намудани техникаю механизмҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Рӯдакӣ дар сатҳи хуб қарор дорад. То имрӯз мутахассисони ин муассиса барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон мувофиқи нақша 2400 метри кубӣ омехтаи қуму намак, 15 тонна ангишт, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 15 метри мукааб ҳезум захира намудаанд. Дар айни замон 17 адад техника дар ҳолати корӣ қарор доранд, ки ин ҳама ба 100 фоизи нақша баробар аст.

Тозагии маркази ноҳия аз маҳсули заҳмати кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ кормандони муассиса бо 40 ҷуфт либосҳои махсуси зимистона ва пойафзолу дастпӯшак таъмин гардиданд. Барои тоза намудани маркази ноҳия аз партовҳо 8 адад техникаҳои гуногун дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Шабакаҳои барқи ноҳия дар мувозинати худ 34 зеристгоҳи барқӣ дошта, дар ҳудуди ноҳия 2218 трансформаторҳо ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Соли 2019 дар ноҳия 42 адад трансформаторҳои нав насб карда шудаанд.

Барои хуб гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон аз тарафи мутахассисони шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ 65 адад ҷудокунаки барқӣ иваз гардида, 15 адад зерпояи оҳану бетонии симчӯбҳо гузошта шуданд. Инчунин 18 адад симчӯбҳои корношоям ва зиёда аз 600 адад трансформаторҳо таъмири ҷорӣ гардиданд.

Ҳамчунин барои таъмини барқи хушсифат ба аҳолӣ айни замон мутахассисони шабакаҳои барқи Рӯдакӣ ба буридани шохҳои дарахтон, рост намудани симчӯбҳои каҷшуда, кашидани ноқилҳои сустшуда, иваз намудани кабел, ҷудокунакҳо ва корҳои профилактикӣ дар трансформаторҳо машғуланд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво