26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ба пешвози ин ҷашн дар шаҳри Кӯлоб 462 иншоот бунёд мешаванд

230
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ба пешвози ин ҷашн дар шаҳри Кӯлоб 462 иншоот бунёд мешаванд Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва навсозии 462 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин теъдод соли равон 45 адад иншооти мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар онҳо зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Тибқи иттилои масъулин, аз 462 иншооте, ки ба нақша гирифта шудааст, 86 адади он ба соҳаи маориф, 48 адад ба соҳаи тандурустӣ, 40 адад ба соҳаи саноат, 16 адад дар самти варзиш, 44 адад дар соҳаи хизматрасонӣ, 40 адад дар соҳаи савдо, 33 бинои баландошёнаю маъмурӣ, 106 адад дар самти нақлиёт ва коммуникатсия, 9 адад дар самти соҳилмустаҳкамкунӣ, як ададӣ дар самти энергетика ва ҳунармандӣ, 13 адад дар соҳаи кишоварзӣ, 4 адад дар соҳаи фарҳанг ва 21 адад дар дигар самтҳо рост меояд, ки баъди бунёд шуданашон садҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб хоҳанд шуд.

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ба пешвози ин ҷашн дар шаҳри Кӯлоб 462 иншоот бунёд мешаванд


Мавриди зикр аст, ки 22 иншооти дигари ҷашнӣ, аз қабили ду корхонаи паррандапарварӣ, як муассисаи таълимӣ, бинои маъмурии Кумитаи Идораи замини шаҳр ва минтақаи Кӯлоб, бинои маъмурии Агентии «Тоҷикстандарт» дар минтақа ва Коллеҷи электоронии шаҳри Кӯлоб қисме мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, боқимондаҳо ба наздикӣ ба истифода дода мешаванд.

Айни замон дар 150 иншооти дигари ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, онҳо марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Тибқи нақша дар шаҳри Кӯлоб бунёди 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ба пешвози ин ҷашн дар шаҳри Кӯлоб 462 иншоот бунёд мешаванд


АКС аз манбаъҳои боз





Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво