23 феврал 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соҳибкорони Норак корхонаи истеҳсоли қуму шағал ва микросемент месозанд

66
БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соҳибкорони Норак корхонаи истеҳсоли қуму шағал ва микросемент месозандБа шарафи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар шаҳри Норак як корхонаи истеҳсоли қуму шағал аз тарафи соҳибкор Назаров Абдукарим ва ду иншооти дигар дар самти сайёҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки дар онҳо 18 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ин бора мутахассиси пешбари бахши меъмории шаҳри Норак Насриддин Шамсиддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Соҳибкорону сокинони шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 180 иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву ҷамъиятиро бунёд намоянд. Аз ҷумла, 8 адад биноҳои маъмурӣ, 8 адад иншооти таълимӣ, 6 адад иншооти соҳаи тандурустӣ, 5 адад иншооти соҳаи варзиш, 2 адад соҳаи фарҳанг ва боқимонда иншоот дар соҳаҳои маишӣ, саноат, истиқоматӣ, кишоварзӣ ва савдову сайёҳӣ бунёд мегарданд.

Тибқи иттилои масъулини бахши меъморӣ, дар шаҳри Норак то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ корхонаи истеҳсоли қуму шағал, корхонаи истеҳсоли хишти пухта, корхонаи истеҳсоли микросемент, корхонаи истеҳсоли сангҳои ороишӣ ва гипсокартон, коргоҳи истеҳсолии шарбати анору басту банди он, коргоҳи дӯзандагӣ ва васли марҳилаи сеюми коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти металлӣ дар корхонаи гидромехсаноати ҶСК «Тоҷикгидромантаж» дар шаҳри Норак сохта, ба истифода дода мешаванд.

Баробари бунёди ин корхонаҳои саноатӣ садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво