27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон вобаста ба муҳити зист ва обу энергетика ҳамоиши фосилавӣ баргузор намуд

190
Сафорати Тоҷикистон дар Олмон вобаста ба муҳити зист ва обу энергетика ҳамоиши фосилавӣ баргузор намуд29 август бо ибтикори муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Намояндагии иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ (AHK), ҳамчунин Палатаи савдо ва саноати Олмон (DIHK) вебинари маҷозӣ дар мавзӯи «Технологияҳои ҳифзи муҳити зист бо тамаркуз ба гидроэнергетика ва таъмини об» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиши фосилавӣ Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов, инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар иштирок ва бо маърӯзаҳои худ вобаста ба имконияти фарохи ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ва сармоягузорӣ суханронӣ карданд.

Имомудин Сатторов изҳор дошт, ки Тоҷикистон хостори густариши ҳарчи бештари равобит бо Олмон дар бахши иқтисод ва сармоягузорӣ мебошад. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, манбаъҳои энергияи таҷдидпазир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ин ҷода ҳамчун самтҳои ояндадор дониста мешаванд.

Дипломати тоҷик дар фароварди суханронии худ аз иштирокдорон, мақомоти расмӣ ва ширкатҳои бонуфузи олмонӣ даъват ба амал овард, ки бо назардошти зарфияти фаровон дар раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.

Маърӯзакунандагон алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкории минбаъдаи барои тарафҳо манфиатовар изҳор доштанд.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво