26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қатораи мусофирбар дар хатсайри Кӯлоб–Волгоград–Кӯлоб ҳафтаи оянда ба роҳ мебарояд

180
Қатораи мусофирбар дар хатсайри Кӯлоб–Волгоград–Кӯлоб ҳафтаи оянда ба роҳ мебарояд16 август, соати 00:10, қатораи мусофирбари хатсайри Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб, 27 август қатораи мусофирбари хатсайри Душанбе– Волгоград–Душанбе ва 7 сентябр қатораи хатсайри Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд ба сафар мебароянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Арзиши чипта дар қатораҳои мусофирбари байналмилалии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар хатсайри Кӯлоб — Волгоград –Кӯлоб дар вагонҳои пласкартӣ — 1580 сомонӣ, дар вагонҳои купе 2040 сомонӣ муқаррар гардида, нархи чипта дар дигар хатсайрҳо дар мувофиқа бо кишварҳое, ки қатора сарҳадҳояшонро убур мекунад, муайян карда мешавад.

Ҳаракати қатораҳо баъд аз ду соли маҳдудият дар хатсайрҳои қатораҳои мусофирбари байналмилалӣ ба самти Русия дар робита ба паҳншавии бемории COVID-19 пас аз гуфтушунидҳои сатҳи олӣ ва роҳбарияти роҳи оҳани ҳарду кишвар дар асоси супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барқияи роҳи оҳани Федератсияи Русия ба роҳ монда шуд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво