27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Гурҷистон масоили ба роҳ мондани алоқаи ҳавоиро матраҳ намуданд

168
Тоҷикистон ва Гурҷистон масоили ба роҳ мондани алоқаи ҳавоиро матраҳ намуданд8 август дар Тифлис мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ бо муовини Сарвазир – Вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Леван Давиташвили баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, обу энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, сайёҳӣ, инчунин таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Гурҷистон табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба мавзӯи баргузории нахустин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон оид ба масъалаҳои тиҷорату иқтисод, ки соли ҷорӣ дар Тифлис ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳ карданд. Таъкид шуд, ки ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон саҳифаи тозаи равобити тиҷоративу иқтисодии ду кишварро боз мекунад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили тавсеаи соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ матраҳ шуд.

Ёдовар мешавем, ки 3 август дар шаҳри Батумӣ ҳамоиши соҳибкорӣ дар мавзӯи «Фазои мусоиди сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки доираи соҳибкорону сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷии ширкатҳои давлатӣ ва хусусии Гурҷистон баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон ва дастгирии Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Батумӣ доир карда шуд.

Зимни суханронӣ Сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ аҳамияти ҳамоишро дар рушду таҳкими ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон арзёбӣ намуд.

Ба ҳамаи иштирокчиён оид ба имконияти фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиёт, ки барои кишвари мо хусусияти афзалиятнок доранд, ба таври муфассал маълумот дода шуд.

Ҳамзамон сафир ба иштирокчиён роҷеъ ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан оғози татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат маълумот дода, изҳор кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намуданд, ки он барои ҷалби сармояи хориҷӣ марҳилаи нав мебошад ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар қатори дигар сармоягузорони хориҷӣ дар ин раванд саҳм гузоранд.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво