23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Батумӣ ҳамоиши соҳибкорӣ дар мавзӯи «Фазои мусоиди сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид

166
Дар Батумӣ ҳамоиши соҳибкорӣ дар мавзӯи «Фазои мусоиди сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид3 август дар шаҳри Батумӣ ҳамоиши соҳибкорӣ дар мавзӯи «Фазои мусоиди сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки доираи соҳибкорону сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷии ширкатҳои давлатӣ ва хусусии Гурҷистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон ва дастгирии Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Батумӣ доир карда шуд.

Зимни суханронӣ Сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ аҳамияти ҳамоишро дар рушду таҳкими ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон арзёбӣ намуд.

Ба ҳамаи иштирокчиён оид ба имконияти фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиёт, ки барои кишвари мо хусусияти афзалиятнок доранд, ба таври муфассал маълумот дода шуд.

Ҳамзамон сафир ба иштирокчиён роҷеъ ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан оғози татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат маълумот дода, изҳор кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намуданд, ки он барои ҷалби сармояи хориҷӣ марҳилаи нав мебошад ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар қатори дигар сармоягузорони хориҷӣ дар ин раванд саҳм гузоранд.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво