10 август 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонон доир шуд

39
«ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонон доир шудБо мақсади омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» 3 август дар назди майдони Парчами давлатии шаҳри Бӯстон, ки дар он тарҳи шоҳасари «Тоҷикон» бо баландии 5 метр ва паҳноии 3 метр насб шудааст, бо иштироки волонтёрон, ҷавонони фаъол ва омӯзгорону кормандони соҳаҳои мухталиф таҳти унвони ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ҳамоиши ҷавонон доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.

Дар ҳамоиш оид ба аҳамияти таърихии асари безаволи «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва шартҳои озмуни мазкур иттилоъ дода шуд.

Иштирокдорони ҳамоиш аз китоб порчаҳо хонда, оид ба саволҳои дар озмун пешниҳодгардида миёни ҳам мубодидаи афкор карданд.

Мавриди зикр аст, ки 7 июли соли 2022 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ба тасвиб расид.

Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тантанаҳои идонаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар хонадони тоҷик шоҳасари «Тоҷикон» тақдим карда шуд.

11 ҳазору 120 адади ин туҳфаи пурарзиш аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Бӯстон низ ворид ва ба оилаҳо тақдим гардид.

АКС: МИҲД-и шаҳри Бӯстон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво