24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳфилҳои доимоамалкунандаи адабӣ роҳандозӣ гардиданд

156
Дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳфилҳои доимоамалкунандаи адабӣ роҳандозӣ гардидандМаҳфилҳои доимоамалкунандаи «Мо ворисони Аллома Бобоҷон Ғафуров» дар назди марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳар хафта як маротиба баргузор гардида, дар онҳо хонандагонро ба Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» омода менамоянд. Аъзоёни маҳфил бо Низомномаи озмун шинос гардида, дар асоси саволномаи таҳияшуда, донишу малакаи худро афзун менамоянд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» корманди шуъбаи иттилоот ва таҳлили Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов иттилоъ дод.

Ин иқдоми тоза дар шинохти ҳуввияти миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва инчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли 2022 бобати баргузории озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ гардида, дар назди Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров №4, Ҷамоати деҳоти Ёва маҳфили доимоамалкунандаи «Мо ворисони аллома Бобоҷон Ғафуров» таъсис дода шуд.

Айни ҳол ба фаъолияти маҳфилҳо беш аз 40 нафар хонандагон ҷалб карда шуда, дар оянда роҳандозии онҳо дар дигар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.

Илова гардид, ки хоҳишмандон метавонанд ба муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат намуда, дар кори маҳфил ширкат варзанд.



Саъдулло МАҲКАМОВ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво