27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷудочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд

182
Ҷудочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё ширкат мекунандТавре қаблан хабар додем, аз 4 то 7 август дар шаҳри Нур-Султон -пойтахти Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба ҷудо баргузор мешавад, ки дар он Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар аввал чемпионат ба нақша гирифта нашуда буд, вале пас аз он ки Бозиҳои Осиё ба таъхир афтоданд, Иттиҳоди ҷудои Осиё тасмим гирифт чорабиниро баргузор кунад.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Чемпионати Осиё 180 варзишгар (104 мард, 76 зан) аз 19 кишвари қора ширкат мекунанд.

Аз Тоҷикистон 9 варзишгар: Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг, Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳруз Хоҷазода (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), — Абубакри Акобир (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) ширкат меварзанд.

Барномаи чемпионат:
4 август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00

Занон: -48кг, -52кг, -57кг;
Мардон: -60кг, -66кг

5 август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -63кг, -70кг;
Мардон: -73кг, -81кг

6 август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -78кг, +78кг;
Мардон: -90кг, -100кг, +100кг

7 август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 15:00
Рақобатҳои даставии омехта

Мавриди зикр аст, ки варзишгарони тоҷик дар чемпионатҳои ҷудои Осиё дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 20 медал – 2 тилло, 8 нуқра, 10 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Ҳарду медали тилло ба Комроншоҳ Устопириён мансуб аст. Ӯ ҳамчунин як медали нуқра ва ду биринҷӣ дорад. Расул Боқиев 1 нуқра, 2 биринҷӣ, Парвиз Собиров 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Темур Раҳимов 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Алишер Боқиев, Шералӣ Бозоров, Неъматулло Арслонқулов, Сомон Маҳмадбеков яктоӣ медали нуқра, Саидаҳтам Раҳимов, Нурулло Лоиқов, Рауф Ҳукуматов, Саидҷалол Саидов яктоӣ медали биринҷӣ гирифтаанд.

АКС: КМО Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво