28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«GRAND SLAM HUNGARY 2022». Паҳлавонони тоҷик ба Будапешт мераванд

181
«GRAND SLAM HUNGARY 2022». Паҳлавонони тоҷик ба Будапешт меравандПаҳлавонони тоҷик Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) дар Мусобиқаи байналмилалии «Grand Slam Hungary 2022», ки аз 8 то 10 июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқаи мазкур иштироки 463 варзишгар, аз ҷумла 265 нафар мардон ва 198 нафар занон аз 66 давлат дар назар аст.

Ин дуюм мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб меёбад. Радабандии олимпии дзюдо, аллакай пас аз натиҷагирии Гранд Слами Улан Батор шакл гирифт, ки се варзишгари мо – Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (-73кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90кг) ба он ворид шуданд.

Тибқи низомномаи мусобиқа, дар рӯзи аввал, 8 июл Муҳаммад ва Шаҳбоз қувваозмоӣ менамоянд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа, 9 июл Беҳрӯз ва дар рӯзи сеюм, 10 июл Ҷаҳонгир ва Комроншоҳ гӯштин мегиранд.

Чун анъана ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал, ҷоизапулӣ дода мешавад. Ба ғолиби ҳар вазн 5000 евро, ба барандаи медали нуқра -3000 ва ба барандагони ду медали биринҷӣ 1500 евро пешбинӣ шудааст.

АКС: КМО Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво