26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон беш аз 20 ихтисоси нав таъсис дода шуд

1006
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон беш аз 20 ихтисоси нав таъсис дода шуд Вобаста ба эҳтиёҷи иқтисоди миллӣ ва талаботи кунунии бозори меҳнат дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз рӯи беш аз 20 ихтисоси нав иҷозатнома гирифта шуд. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ихтисосҳои нав «омӯзгорӣ», «саноат», «иқтисодиёти рақамӣ», «зеҳни сунъӣ», «низоми зеҳнии геоиттилоотӣ», «технологияи зеҳнии компютерии реинжиниринг ва бизнес равандҳо», «маркетинг дар тиҷорати электронӣ», «кибернетикаи иқтисодӣ», «хадамоти консулӣ», «ҳуқуқи байналмилалӣ», «полиси сайёҳӣ», «тибби сайёҳӣ», «сайёҳии осоишгоҳии табобатӣ»- дар маҷмӯъ беш аз 20 адад мебошанд.

Убайдулло Асрорзода афзуд, ки ихтисосҳои нав дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат иброз намуда буданд, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар бозори меҳнату иқтисоди миллӣ ва дар маҷмӯъ, дастгирии ҳамешагии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд.

Аз 22 ихтисоси навҷорӣ 8-тоаш марбут ба сайёҳист, ки яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар иқтисоди миллӣ мебошад. Дар маҷмӯъ шумораи ихтисосҳои амалкунанда дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба 77 адад расонида шуд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон инчунин гуфт, ки «дар ин давра шумораи ихтисосҳои амалкунандаи филиалҳои донишгоҳ дар шаҳрҳои Леваканд ва Хуҷанд зиёд гардид. Ҳадафи ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав дар ин филиалҳо ба инобат гирифтани талаботи рӯзафзуни бозори меҳнати минтақаҳои мамлакат, бахусус Суғду Хатлон ва фароҳам овардани шароит барои фаро гирифтани довталабон ба таҳсил дар макони истиқомат мебошад».

Бо дахли дастовардҳои донишгоҳ дар соли таҳсили 2021-2022 Убайдулло Асрорзода иброз намуд, ки «дар соли таҳсил донишгоҳ дар партави сиёсати маорифпарварона ва дастгириҳои Пешвои миллат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, аз ҷумла мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани донишгоҳ бозгӯи ин гуфтаҳост».

Маҳз бо ифтитоҳи биноҳои замонавӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ ва густариши корҳо дар самтҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ баланд гардид. Инчунин дар ин давра бо ташаббуси раёсати донишгоҳ бо мақсади тақвияти забондонии омӯзгорон ва донишҷӯён курсҳои кӯтоҳмуддти ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ ташкил гардида, дар онҳо 120 омӯзгор ва қариб 300 нафар донишҷӯ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво