27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

161
Имрӯз вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамояндИмрӯз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати маориф соати 09:00 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 дар вазорати мазкур нишасти матбуотиро доир мекунад.

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Кумитаи мазкур барпо менамояд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» бояд тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво