18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

19 июл Вазорати маориф ва илм, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

185
19 июл Вазорати маориф ва илм, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд 19 июл Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати маориф соати 09:00 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мешавад.

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Кумитаи мазкур барпо менамояд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» бояд тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво