26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар панели «Неруи барқ дар давраи тағйирот» иштирок кард

357
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар панели «Неруи барқ дар давраи тағйирот» иштирок кардВазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни иштирок дар ҷаласаи панели «Неруи барқ ​​дар давраи тағйирот», ки дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург баргузор гардид, оид ба ҳадафҳои стратегии ба кор андохтани иқтидори нави энергетикӣ асосан аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои барқии обӣ суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа рушди босуръати соҳаи энергетикаро дар кишвар шарҳ дода, оид ба ислоҳоти соҳа изҳори назар намуд.

Ў дар бораи таҷдиди сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» ба се корхонаи ҷудогонаи истеҳсол, интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ ​​ёдовар шуда, ҳадафҳои стратегии ба кор андохтани иқтидорҳои нави энергетикиро асосан аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, инчунин нақшаҳои наздиктарини Тоҷикистон дар соҳаи рушди энергетикаи офтобу шамол маълумот дод.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин губернатори вилояти Челябинск Александр Текслер, Вазири энергетикаи Федератсияи Русия Николай Шулгинов, Директори генералӣ, раиси Раёсати ҶСП «Россети» Андрей Рюмин, раиси Раёсати ҶСК «Оператори системавӣ», «Системаи ягонаи энергетикӣ» Федор Опадчий, раиси Раёсат, директори генералии ҶСП «РусГидро» Виктор Хмарин ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат ва суханронӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво