20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Туркия доир ба зарфияти энергетикии ду кишвар вохӯрии маҷозӣ доир намуданд

191
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Туркия доир ба зарфияти энергетикии ду кишвар вохӯрии маҷозӣ доир намуданд28 апрели соли 2022 бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара миёни Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири энергетика ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Туркия Фатиҳ Донмез вохӯрии маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба иқтидори энергетикии хеш ва имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар самти тавлиди энергияи “сабз” бо истифода аз платформаҳои бисёрҷониба ва дуҷониба, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Далер Ҷумъа аз фурсати мусоид истифода бурда, Вазири энергетика ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Туркияро ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Ҷониби туркӣ ин даъватро бо хушнудӣ пазируфт.



Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво