27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ОСОРХОНАҲО – ВОСИТАИ МУҲИМИ ТАБОДУЛИ ФАРҲАНГӢ. Дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» ҳамоиш доир шуд

177
ОСОРХОНАҲО – ВОСИТАИ МУҲИМИ ТАБОДУЛИ ФАРҲАНГӢ. Дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» ҳамоиш доир шудБахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, ки ҳамасола 18 май таҷлил мегардад, имрӯз дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» таҳти унвони «Осорхонаҳо – воситаи муҳими табодули фарҳангӣ» ҷамъомад баргузор гардид, хабар дод сардори шуъбаи китобҳои фалсафа, равоншиносӣ, библиография, илм ва фарҳанги Муассисаи нашриявии «Ирфон» Амон Собиров ба АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиш директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Қурбон Ғуломзода иброз намуд, ки «осорхонаҳо дар ҷомеа нақши калон дошта, дар он мавод ва ашё барои шиносонидани кишвар ҷамъ оварда мешаванд. Дар ин махзан ашёи нодир ва беназире муаррифӣ мешаванд, ки диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб месозанд. Осорхона ҳадафи таъкид кардани аҳамияти арзишҳо ҳамчун мерос барои нигоҳ доштани муттасилии фарҳангро дорад. Ин аст, ки таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг сол аз сол рушду тараққӣ намуда, осорхонаҳои мамлакат низ бо ашёи нодир ва беназир пурра мешаванд».

Зикр шуд, ки осорхона муассисаи иҷтимоию фарҳангиест, ки ёдгориҳои санъат, таърих, илм, техника ва дигар соҳаҳои фаъолияти инсонро ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва нигоҳ медорад. Ғайр аз ин, ин муассиса ба корҳои таълимӣ машғул буда, барои тамошои мардум намоишгоҳҳо омода мекунад. Осорхона аз коллексияҳои хусусии санъат, ашё ва нигораҳои нодир сарчашма мегирад, ки ҳамаи онҳо ҳамеша афзалияти таваҷҷуҳи фарҳангии як давраи мушаххасро инъикос менамоянд.

Дар ҳамоиш оид ба таҳияи китоб, дастур, варақаҳои иттилоотӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, кормандони муассиса аз ҷониби роҳбарияти муассиса вазифадор гардиданд, ки дар нақшаи кории фардӣ оид ба бурду бохти осорхонаҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисон маводи чопӣ таҳия намоянд.

Зимни ҳамоиш оид ба мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон филми мустанад пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон»/бойгонӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво