20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Доир ба инъикоси ин мусиқии суннатӣ дар нашрҳои чопӣ ҳамоиш баргузор гардид

99
БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Доир ба инъикоси ин мусиқии суннатӣ дар нашрҳои чопӣ ҳамоиш баргузор гардид10 май дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» бахшида ба Рӯзи шашмақом бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон таҳти унвони «Инъикоси шашмақом дар нашрҳои чопӣ» суҳбати «мизи мудаввар» баргузор ва зимни он паҳлӯҳои гуногуни ин санъати волои суннатии мардуми тоҷик баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи китобҳои тиб ва техникаи муассисаи мазкур Ҷиёнхони Бедилхон иттилоъ дод.

Шашмақом мусиқиест аз олами илму ирфон, ки дар он ишқи пок, фалсафаи зиндагӣ, маърифати ом ва арзишҳои ботинии инсону зебоии табиат таҷассум ёфтаанд. Ҳамасола 12 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил карда мешавад.

Дар марҳилаи аввали ҳамоиш роҳбарияти муассиса оид ба китобҳои шашмақом хулосаи библиографӣ пешниҳод намуданд.

Дар ҳамоиш оид ба санъати мусиқии шашмақом, дирӯз ва имрӯзи он суҳбатҳо доир гардида, зимнан аз ҷониби иштирокчиён маърӯзаҳо пешниҳод шуданд. Ҳангоми шарҳи маърӯзаҳо маълум гардид, ки дар асрҳои миёна маҷмӯи мусиқии класикии тоҷик ба унвони дувоздаҳмақом маъмул буда, шашмақом идомаи таърихии бадеии ҳамин анъанаи ҳунарӣ ба ҳисоб меравад. Санъати мусиқии ҳирфаӣ, ки мақомхонӣ аз ҷумлаи онҳост, ҳанӯз дар давраи ҳукмронии Сосониён дар асрҳои 3-7-и мелодӣ хеле рушд ёфта буд.

Дар қисмати охири ҳамоиш тамоми мавзӯъҳои пешниҳодшуда аз ҷониби иштирокчиён тафсир ёфта, барои рушду такомули ин санъати воқеан беназири миллати куҳанбунёди тоҷик якчанд пешниҳодҳо ироа шуданд. Аз ҷумла:

-дар барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои омӯзиши санъати шашмақом соатҳои дарсӣ муқаррар кардан;

-дар фазои интернетӣ доир ба санъати шашмақом саҳифаҳои махсус кушодан;

-вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти сарояндагони шашмақом китобҳо таҳия ва чоп кардан;

-тарғиби шашмақомхонони наврасро тавассути ВАО ба роҳ мондан;

-баргузории озмуни байналмилалӣ вобаста ба санъати волои шашмақом.

Ёдовар мешавем, ки 12 майи соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти шашмақом Фазлиддин Шаҳобов дода шуд. Аз соли 2002 сар карда, ҳамасола дар саросари мамлакат Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад.

Шашмақом чун ҷузви асосии мероси фарҳангии мусиқии халқи тоҷик дар қатори жанрҳои анъанавии роғ, фалак, даргилик дар фарҳанги мусиқии имрӯзаи Тоҷикистон мавқеи баланд дошта, ҳамчун мусиқии суннатии ниёгони мардуми тоҷик ишқу ирфон, ормонҳо ва умеди миллатро дар созу сурудаҳо таҷассум менамояд.

АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон»/бойгонӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво