27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати тиҷоратии Туркия ба Душанбе меояд

133
Ҳайати тиҷоратии Туркия ба Душанбе меоядДар доираи тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Туркия 19-21 май ҳайати қариб 30-нафараи тиҷоратии Туркия таҳти роҳбарии муовинони вазири саноат ва технологияи Туркия Четин Алӣ Дюнмез ва Ҳасан Бюкдеди ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Интизор меравад, ки дар Душанбе бо иштироки ҳайати тиҷоратии Туркия ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон вохӯрии B2B доир гардида, дар он имконоти сармоягузории Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар дар шакли рӯнамо муаррифӣ шаванд.

Ҳамзамон ҳайати тиҷоратии Туркия бо роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, аз қабили вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, роҳҳои тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ менамоянд.

Ҳайати тиҷоратии Туркия инчунин аз Неругоҳи барқи обии «Норак», корхонаҳои «Ширкати алюминийи тоҷик», «Акиа Авесто Автоматив Индастри», «Coca- Cola Tajikistan», «Чунтай Данғара Син Силу Текстайл», майдони пахта дар Данғара, Минтақаи саноатии Душанбе, Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид менамояд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво